Вазъи Афғонистон масъалаи ҳуқуқи инсонро дар Осиёи Марказӣ дуюмдараҷа кард?
Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба анҷом расид, аммо аз забони намояндагони Брюссел дар бораи поймолшавии ҳуқуқи башар чизе шунида нашуд. Созмонҳо аз намояндагони ИА хоста буданд, ба кишварҳои ОМ барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи инсон фишор оранд.