Будҷаи соли 2022 бе баҳси зиёд тасдиқ шуд. Панҷ млрд сомонии иловагӣ аз куҷо?
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр будҷаи соли ояндаро тасдиқ карданд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми даромади будҷаи соли оянда 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар қиёс ба будҷаи имсола беш аз 19 дарсад зиёд аст.