Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2021

Ба "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои тилло супурда шуд

0
Ба

Рӯзҳои 23-24-уми ноябр бозиҳои даври 26-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Зимнан, “Истиқлол”, ки ду давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи олӣ ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта буд, баъди анҷоми рақобат муқобили “Файзканд” 24-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд.

«Истиқлол» бори даҳум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аз ин пеш бошгоҳи Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шудааст.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро пешакӣ соҳиб гашт, дар даври пешазохирин “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе талош доранд. Рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, ин ду даста дар шаҳри Истаравшан бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ду давр қабл аз хотимаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 аввалин дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян шуда буд. Ин тими «Душанбе»-и шаҳри Душанбе мебошад. Баъди шикасти бузург аз “Истиқлол”, тими “Душанбе” ҳатто аз ҷиҳати назариявӣ шонси дар лигаи олӣ монданро аз даст дод. “Душанбе” бозии даври 26-умро низ дар меҳмонӣ ба тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:3 бохт.

Дувумин дастаи ноком «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ ё «Кӯктош»-и Рӯдакӣ мешаванд, ки дар минтақаи хатар қарор доранд. Дар даври гузашта “Кӯктош” дар меҳмонӣ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар даври охирини мусобиқа, ки 5-уми декабр доир мегардад, барандаи медали биринҷӣ ва дастаи дувуме, ки лигаи олиро тарк хоҳад кард, муайян мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 26-ум

«Истиқлол» – «Файзканд» – 5:0

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 13 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 26 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 73 – аз пеналти (4:0). Рустам Соиров, 82 (5:0).

«Хуҷанд» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Дилшод Каримов, 38 – ба дарвозаи худ (1:0). Артём Сердюк, 69 (2:0). Иброҳим Эшонхонов, 75 (2:1).

«Истаравшан» –  КМВА – 0:0

 «Хатлон» - «Душанбе» - 3:1

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 59 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 67 (2:0). Парвиз Боқӣ-Охунов, 74 (3:0), Тетте Неррик, 84 (3:1).

«Равшан» – «Кӯктош» – 2:3

Голҳо: Азизбек Султонов, 10 (0:1). Азизбек Султонов, 60 – аз пеналти (0:2). Аваз Қамчинов, 64 (1:2), Далер Шомуродов, 75 – аз пеналти (2:2). Амирҷон Сафаров, 86 (2:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

25

20

4

1

76-8

64

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

25

17

3

5

52-25

54

3

КМВА (Душанбе)

26

11

8

7

36-29

41

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

26

11

6

9

28-25

39

5

«Хатлон» (Бохтар)

26

10

6

10

29-31

36

6

«Равшан» (Кӯлоб)

26

7

8

11

27-34

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

26

8

3

15

32-49

27

8

«Файзканд» (Восеъ)

26

7

5

14

18-36

26

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

26

7

5

14

37-56

26

10

«Душанбе» (Душанбе)

26

4

6

16

23-65

18

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров (“Истиқлол”) – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров, Артём Сердюк (ҳарду аз «Хуҷанд») – 11-голӣ, Азизбек Султонов («Кӯктош») – 10 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КМВА) - 9-голӣ.

Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

1-уми декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Даври 27-ум

5-уми декабр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об итогах чемпионата «Абилимпикс»





Москва

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин открыл пешеходную галерею между станциями метро и МЦД-4 Кутузовская



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ольга Бузова

"Человек сильно просчитался": Общественник указал на того, кто втянул Бузову в скандал




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open


Даниил Медведев

Медведев вышел в 1/8 финала «Ролан Гаррос» — 2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Взрыв цвета и «голый» ноготь: главные тренды летнего маникюра 2024 года



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России