Ҳукумати Бадахшон: раиси вилоят бо намояндагони эътирозгарон гуфтугӯ мекунад
Манобеи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, ҳамин соатҳо гуфтугӯи намояндагони эътирозгарон ва раиси вилоят оғоз мешавад. Рӯзи чаҳорум аст, ки садҳо нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуда, хоҳони таҳқиқи одилонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ҳастанд.