Сафири Русия дар ИМА: 27 дипломати рус хоки Амрикоро тарк мекунанд
Сафири Русия дар Амрико рузи шанбе гуфтааст, 27 дипломати рус ва хонаводаҳояшон хоки Амрикоро дар таърихи 30-юми январи имсол тарк мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Анатолий Антонов дар мусоҳибае, ки аз тариқи "Ютюб" пахш шуд, изҳор дошт, "дипломатҳои мо дар ҳоли ихроҷ ҳастанд ва гурӯҳи калоне аз ҳамкорони ман шомили 27 нафар, дар таърихи 30 январ моро тарк хоҳанд кард. Мо шадидан бо камбуди неру рубару ҳастем".
Русия пештар гуфта буд, ки аз соли 2016, ки робитаҳои дипломатии Маскав ва Вашингтон ру ба сардӣ ниҳод, беш аз 100 дипломати рус бо хонаводаҳояшон маҷбур ба тарки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудаанд.
Ба гуфтаи Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, то 29 октябри соли ҷорӣ наздик ба 200 дипломати рус, аз ҷумла кормандони ҳайати Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҳамчунон машғули кор буданд.
Робитаҳои Амрико ва Русия дар поинтарин сатҳ аз замони хатми Ҷанги Сард ба ин тараф қарор дорад. Ду кишвар аз ҷумла, бар сари шумораи дипломатҳое, ки метавонанд дар пойтахти якдигар дошта бошанд, ихтилофи сахт доранд ва музокироташон дар ин моҳ низ бенатиҷа монд.