"Ман бегуноҳам". Додраси ҳукми "сафед" айбномаро рад кард. ВИДЕО
Ӯро 9 моҳ пеш дастгир ва ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам карданд. Худаш дар сухани охирин дар додгоҳ рӯзи 3-юми апрел иттиҳомҳоро рад карда, ҳамзамон талаб намудааст, ки ӯро озод кунанд. Додситон ба ӯ нуҳ сол зиндон хост.