Юриш дар Ал-Ақсо фаластиниёнро ба хашм овард
Вуруди пулиси Исроил ба масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ҳангоми намози аср дар рӯзи чаҳоршанбе ва бархӯрди он бо намозгузорон хашму маҳкумияти кишварҳои арабиро барангехт. Муноқиша дар ин зиёратгоҳи муҳим барои мусулмонону яҳудиён дар моҳи Рамазон ва дар остонаи як иди яҳудиён сурат гирифт.