Ях об шуд? Вазирони умури хориҷии Эрону Саудӣ дар Чин вохӯрданд
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва Файсал бин Фарҳон, вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ рӯзи 6-уми апрел дар Пекин, пойтахти Чин, вохӯрданд. Ин мулоқот чанд ҳафта пас аз имзои ёддошти тафоҳум барои азсаргирии робитаҳои дипломатӣ миёни Теҳрон ва Риёз баргузор шуд.