Манъи фаъолияти кормандони зани СММ дар Афғонистон. Шӯрои Амният ҷаласа доир мекунад
Шӯрои Амният рӯзи 6-уми апрел пушти дарҳои баста манъи фаъолияти кормандони зани Созмони Милалро аз сӯи Толибон ҷаласа доир хоҳад кард. Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки Толибон ба таври расмӣ аз онҳо хостаанд, занон дар Афғонистон иҷозаи кор дар муассисаҳои ин ниҳодро надоранд.