Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2023

Аз хоки Лубнон ба Исроил мушак партоб шуд. СММ ба хештандорӣ даъват кард

0
Аз хоки Лубнон ба Исроил мушак партоб шуд. СММ ба хештандорӣ даъват кард

Қисмати шимолии Исроил рӯзи панҷшанбеи 6 апрел аз сӯи Лубнон мушакборон шуд. Мушакборон баъди он сурат гирифт, ки миёни пулиси Исроил ва фаластиниҳо дар масҷиди "Ал-Ақсо" занозанӣ шуд.

Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки аз ҳудуди Лубнон тақрибан 30 мушак партоб шуда ва низоми зиддимушакии Исроил нисфе аз онҳоро суқут додааст. Расонаҳо ҳамчунин аз мушакандозии ҷавобии Исроил хабар медиҳанд. Масъулияти партоби мушакҳоро ҳеч созмоне ба уҳда нагирифтааст.

Амалиёти пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас фаластиниёнро ба хашм овард. Кишварҳои арабӣ ҳам ин амалкарди маъмурони Исроилро танқид карданд. Аз сӯи дигар ҳамлаҳо аз Навори Ғазза ба Исроил нигарониҳоро аз авҷ гирифтани муноқишаҳо барангехт.

Шоҳидон мегӯянд, ки пулис асри чаҳоршанбе, 5-уми апрел, намозгузоронро латукӯб кард ва аз тирҳои резинӣ ҳам истифода бурд. "Онҳо дару тирезаҳоро шикастанд, гази ашковар сар доданд. Бо калтак заданд. Одамон шабона касеро ташвиш намедоданд. Яҳудиён ба ин тараф шабона намеоянд. Онҳо мехоҳанд, масҷидро аз мусалмонҳо пок кунанд," – гуфт яке аз фаластиниён.

Муноқиша дар моҳи Рамазон ва дар остонаи иди Фасҳи яҳудиён сурат гирифт. Маъмулан арабҳо дар Рамазон шабро дар масҷид ҳам рӯз мекунанд. Бар асоси як тафоҳуми дерина дар ин минтақа танҳо мусулмонон ҳаққи ибодат дар масҷиди Ал-Ақсоро доранд.

Аммо яҳудиён ҳам ба таври афзоянда дар инҷо, ки онро Ҳарами шариф меноманд, омада ибодат мекунанд. Ал-Ақсо севумин маҳалли муқаддас барои мусулмонон ба ҳисоб меравад ва дар гузашта ҳам шоҳиди муноқишае шудааст, ки соли 2021 ба ҷанги байни Исроилу Фаластиниён дар Ғазза кашид.

Аврам Лоба, мушовир оид ба маориф аз Исроил, мегӯяд, "фикр мекунам, ҳамааш хуб мешавад. Тавре мебинед, имсол ба фарқ аз соли гузашта вазъ беҳтар аст. Сиёсатмадорон ин ҷо ҳастанд. Исроилиҳо ҳама корро мекунанд, то арабҳо дар Рамазон ин ҷо бошанд ва ба Ҳарами шариф биёянд."

Созмони Салиби Сурхи Фаластиниён мегӯяд, дар "Ал-Ақсо" 12 фаластинӣ маҷруҳ шудаанд. Пулиси Исроил гуфт, ки фаластиниёни ошӯбгари мусаллаҳ бо чӯбу санг худро дар масҷид маҳкам карданд ва онҳоро ба амалиёт водор намуданд.

Ду афсари пулиси Исроил захмӣ шудаанд ва 350 нафарро аз масҷид берун ва боздошт кардаанд. Муноқиша интиқоди сахти кишварҳои арабӣ аз ҷумла Урдуну Мисрро барангехт, ки саъй доранд, бо миёнравии Амрико танишҳоро байни Фаластиниёну Исроил кам кунанд.





Губернаторы России
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов





Москва

Россия, Культура, Дети: конкурс на новую эмблему обьявил Театр Ульгэр в Республике Бурятия


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Григорий Лепс

Дочь популярного певца Инга Лепс стала украшением нового сериала «Игры»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»


Стефанос Циципас

«Спартак» подарит Циципасу клубную футболку



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Строительные леса обрушились у здания спортшколы на Новочеремушкинской улице



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России