Мори кобра боиси нишасти изтирории ҳавопаймо шуд
Халабони як ширкати ҳавоии Африқои Ҷанубӣ барои амну ором нишондани ҳавопаймое, ки дар дохилаш мори заҳрдори кобра буд, аз ҷониби мақомоти ин кишвар “барои шуҷоати бемисл” қадрдонӣ шуд. Дар ин бора Франс Пресс хабар дод.
Рӯзи душанбе, 3-юми апрел Рудолф Эрасмус ҳавопаймои хурди хусусиро бо мусофирон аз шаҳри Блумфонтейн ба самти Претория идора мекард, ки ногаҳон маълум шуд, як мори кобраи хатарноке дар пушташ ҳаракат мекунад. Бо вуҷуди ин, Эрасмус тавонист ба тарсу ҳаяҷон ғолиб омада, дар байни роҳ – шаҳраки Велком нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.
Поппи Хоза, раҳбари Идораи ҳавонавардии шаҳрвандии Африқои Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа гуфт: “Мехоҳам барои ҷасорати бемисле, ки Рудолф дар авҷи як ҳодисаи бесобиқаи ҳавоӣ нишон дод, ӯро табрик кунам”. Хоза гуфт: “Ӯ дар рӯбарӯи як ҳодисаи хатарнок ором буд ва тавонист, ки ҳавопаймову мусофиронашрро бидуни ҳеҷ осебе ба замин нишонад.”
Эрасмус баъди ин ҳодиса ба матбуоти маҳаллӣ нақл кард, ки дар байни парвоз вақте фишори як чизи сардеро дар пушташ эҳсос кард, ки мор дар дохили ҳавопаймо аст. Ӯ дар нақл ба News24 гуфт, “аввал хаёл кардам, ки шишаи обам дар пуштам дармондааст... вале вақте фаҳмидам, ки ин як чизи дигар аст, ҳаракате накардам”.
Морҳое, ки бо номи “кейп кобра” маъруфанд, асосан дар ҷанубуғарби Африқои Ҷанубӣ ба сар мебаранд ва заҳри онҳо чунон хатарнок аст, ки дар сурати газидани инсон танҳо кӯмаки фаврӣ метавонад одамро наҷот диҳад.