Хомӯшии матбуоти Туркманистон дар робита бо даргузашти модаркалони президент
Матбуоти раcмии Туркманистон бо гузашти як рӯз аз даргузашти модаркалони президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр накардаанд. Ба навиштаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, хабари даргузашти хонум Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадоваро аввал шуда шоми 7-уми апрел вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Дар барқияи тасаллияташ Эмомалӣ Раҳмон ба падари президенти амалкунанда – “Пешвои миллат” Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар робита бо даргузашти модари ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Сабаби марг ва синнусоли модари Бердимуҳаммадов нашр намешавад.
Дар изҳороти рӯзи 8-уми апрели раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов ҳам ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар робита бо даргузашти модараш тасаллият баён шудааст.
Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, рӯзи марги модаркалони президенти Туркманистон бо санаи таҷлили рӯзи ҷаҳонии саломатӣ рост омад. Ба ин муносибат дар Туркманистон мусобиқаи дучархасаворӣ бо ширкати ҳазорҳо нафар ва консерту маъракаҳои ҷамъиятии дигаре ҷараён гирифт. Дар ин маросимҳо президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳам иштирок кард, ки қарор буд ҳафтаи оянда бо сафари давлатӣ ба Душанбе равад.
Рӯзи 8-уми апрел оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки сафари давлатии С. Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон, ки қарор буд 10-11-уми апрел барпо шавад, бо сабаби даргузашти модаркалонаш ба таъхир уфтод. Ҳамингуна ташкили форуми сармоягузории миёни Туркманистону Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8-9-уми апрел қарор буд дар Душанбе баргузор шавад, дар дигар вақт ба нақша гирифта мешавад.
Матбуоти давлатии Туркманистон дар ин бора ҳам чизе наменависад.
Туркманистон ва Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои саркӯбгари озодии баён дар ҷаҳон мебошанд ва Туркманистон аз кишварҳоест, ки ҳеҷ як расонаи ғайридавлатӣ надорад.