Исроил сафарбарии нирӯҳои захиравиро эълон кард
Дар паи чанд ҳамлаи ҷудогонаи рӯзҳои ахир, ки боиси кушта шудани се нафар, аз ҷумла як туристи итолиёӣ дар шаҳри Тел-Авив ва ду хоҳари исроилӣ дар соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун гардид, Исроил рӯзи 8-уми апрел сафарбарӣ ба артишро аз ҳисоби нирӯҳои захиравӣ ва ходимони полис эълон кард.
Баъди як муноқишаи ходимони полиси исроилӣ бо фаластиниҳо дар дохили масҷиди Ал-Ақсо рӯзи 5-уми апрел, даъватҳо ба хештандорӣ шунида намешаванд ва мавҷи хушунатҳо боло мегирад. Исроил дар посух ба мушакандозиҳои ҷангиёни фаластинӣ дар Ғаззаву Лубнон бомба партоб кард.
Рӯзи 7-уми апрел вақте як араби исроилӣ бо мошинаш ба издиҳоми мардум дар соҳилҳои Тел-Авив бархӯрд, як туристи истолиёӣ куштаву ҳафт ҷаҳонгарди дигар маҷрӯъ шуданд. Полис гуфт, ронанда кушта шуд.