Ҳушдори полиси Эрон: барои назорат аз ҳиҷоб дастгоҳҳои сабти видеоӣ насб мешаванд
Мақомот дар Эрон гуфтанд, ки ба хотири назорати бештар аз либоси ҳатмии занон, дар кӯчаву хиёбон ва муассисаҳои ҷамъиятии ин кишвар дастгоҳҳои сабти видеоӣ насб мекунанд. Рӯзи 8-уми апрел бо нашри чунин изҳороте полиси Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки ҳуввияти занону духтарони бадҳиҷоб мушаххас мешавад ва ба онҳо паёмакҳои телефонӣ бо ҳушдор аз паёмадҳои чунин амалашон фиристода мешавад.
Чунин қарор дар ҳолест, ки аз тирамоҳи порсол Эрон бо як муқовимати шадиди ҷамъиятӣ бо либоси маҷбурии исломӣ барои занон ва ҳам норизоият бо режими ҳоким рӯбарӯ шудааст. Марги Маҳсо Аминии 22-сола дар идораи полис баъди он ки бо иттиҳоми бадҳиҷобӣ боздошт шуда буд, мавҷи азими эътирозҳои сартосариро эҷод кард.
Баъди ин бархе занон ошкоро дар кӯчаву хиёбонҳо беҳиҷоб мегарданд ва гоҳо бо муҷозоти мақомот ваё ҳам ҳамлаҳои ҷудогона рӯбарӯ мешаванд.