Блогери узбек баъди навори "ҳаром" номидани йогурт ҳабс шуд
Блогери узбекистонӣ Ҳоҷиакбар Носиров баъди ҳаром номидани "йогурт" 15 шабонарӯз ҳабс шуд.
Носиров видео дар бораи "йогурти ҳаром"-ро ҳафтаи гузашта дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм нашр кард. Ӯ бо истинод ба манбаъҳои интернетӣ чандин навъи "йогурт"-ро, ки аз фурӯшгоҳ харида буд, ба далели мавҷуд будани маводи қирмиз (кармин) дар таркибашон ҳаром номид.
Ӯ аз тамошобинон даъват кард, ки ингуна маҳсулотро истеъмол накунанд ва пеш аз харидорӣ таркиби онҳоро хонанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд гуфт, блогер маълумотро “дар асоси ақидаҳои шахсии мазҳабӣ ва бидуни гирифтани хулосаи коршиносони соҳаи дахлдор” пешниҳод кардааст. Манбаъ афзуда, ки тибқи қонунгузории Узбекистон, воридот ва паҳн кардани маводи дорои мазмуни динӣ ба қаламрави ин кишвар танҳо пас аз гирифтани хулосаи мусбии ташхиси динӣ иҷозат аст.
Дар натиҷа блогер ба "таҳия, нигоҳдорӣ ё паҳн кардани маводи тарғибкунандаи кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, қавмиву динӣ" ва "риоя накардани талаботи қонун" айбдор эълом ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шудааст.
Қирмиз маводи сурхи рангкунанда аст, ки дар маҳсулоти қаннодӣ ва яхмос истифода мешавад. Онро аз ҳашароти бо ин ном - қирмиз омода мекунанд, ки сурхранги майда, ба шакли тухм ва ба ҳаҷми донаи наск аст.