Тазоҳурот бо талаби раҳоии нафткашҳои боздоштшуда дар Қазоқистон
Гуруҳе аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо талаби раҳоии нафткашҳое, ки ахиран дар назди Вазорати энержии ин кишвар дар шаҳри Остона дастгир шуданд, даст ба тазоҳурот заданд.
"Агар ҳамкорони моро дар Остона раҳо накунанд, тамоми Жанаозенро ба пой мехезонем!", - изҳор дошт яке аз ҷамъомадагон, ки дар назди бинои шаҳрдории Жанаозен гирди ҳам омадаанд.
Кормандони ширкати "БЖБ" дар Жанаозен ҳам дар эътироз ба боздошти ҳамкорони худ дар Остона ба муддати як соат коршиканӣ карданд. Як сокини Жанаозен бо нашри изҳороти видеоие дар пасманзари боздошти нафткашҳо гуфт, "ҳамаи мансабдоронро ҳамин коргарон мехӯронанд".
Кормандони ширкати "Кезби" ҳам раҳоии нафткашҳои дастгиршуда дар Остонаро талаб доранд. Онҳо мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани талабашон коршиканӣ мекунанд.
Пулиси Остона ҳамаи кормандони ширкати нафти "БерАли Мангистау Company"-ро, ки бо талаби ҷойи кори доимӣ ва мулоқоти рӯбарӯ бо мансабдорони баландпоя дар назди вазорати энержӣ ҷамъ шуда буданд, дастгир кард.