2,6 млрд ё 842 млн доллар. Чаро омори Тоҷикистон ва Чин фарқи зиёд дорад?
Соли гузашта Тоҷикистон ва Чин ҳудуди 2,6 миллиард доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш 40 дарсад бештар аст.
Дар ин бора Цзи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон 11--уми апрел зимни ҳамоише дар Душанбе хабар дод. Оқои Шумин омори додугирифти 2,6 миллиард долларро аз қавли идораи гумруки Чин гуфт. Аммо ҷониби Тоҷикистон ин оморро бамаротиб кам нишон медиҳад.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энержӣ, савдо, маориф, саноат, кишоварзии Тоҷикистон ва низ масъулини Палатаи савдо ва намояндагони порлумони Тоҷикистон, иштирок доштанд.
Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфтанд, арзиши колоҳои воридшуда аз Чин камтар аз 842 миллион доллар сабт кардаанд. Маълум нест, ки дар ин байн қариб 1,5 миллиард доллар куҷо гум шуд.
Ин баҳс солҳост, ки давом дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, сабаби фарқият дар гуногун будани шеваи ҳисоби гумрукӣ аст. Аз ҷумла, мақомоти тоҷик пештар гуфтаанд, Чин маҳсулоти транзитӣ аз қаламрави Тоҷикистонро ҳам дар омори додугирифт бо Тоҷикистон ворид мекунанд. Вале бархеҳо ба ин ҳарфи мақомот шубҳа доранд ва сабабро дар фасодкорӣ дар бахши гумруки Тоҷикистон рабт медиҳанд.
Дар ин миён Тоҷикистон чандин ширкатро ҳангоми овардани мол аз супурдани андозу боҷи гумрукӣ озод кардааст ва қисми зиёде аз ин молҳо аз Чин меоянд. Эҳтимол Чин дар омораш онро сабт мекунад ва як сабаби ба вуҷуд омадани фарқият мешавад.
Цзи Шумин, сафири Чин рӯзи 11-уми апрел ҳамчунин гуфтааст, соли гузашта сармоягузории кишвараш ба Тоҷикистон ҳудуди 40 дарсади ҳаҷми умумӣ сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистонро дарбар мегирад. Аммо сафир ҳаҷми маблағро нагуфтааст.
Чин яке аз қарздиҳандаҳои асосии Тоҷикистон аст ва конҳои калони кишвар дар ихтиёри он мебошанд. Вале бархе мутахассисон аз ношаффоф будани сармоягузориҳои Чин ба Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз давлати Тоҷикистон хостаанд, дар ҳамкорӣ бо Пекин эҳтиёткор бошанд.