"Достони нонавишта". Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд. ВИДЕО
Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзонаро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуду ҷон бохт, рӯзи 14-уми апрел дар оромгоҳе дар Хуҷанд дафн карданд. Дар маросим садҳо нафар иштирок доштанд.