Ҷасади Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд
Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзонаро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуду ҷон бохт, 14 апрел дар оромгоҳе дар Хуҷанд дафн карданд. Ҷасади Каримови 21-соларо, ки падараш дар маросими ҷаноза "достони нонавишта" ва "баҳори ношукуфта" хитоб мекард, рӯзи 13-уми апрел аз дарё берун оварданд.