Ҷавони тоҷикро барои кандани рутбаи милиса ба зиндон маҳкум карданд
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои кандани рутбаи як афсари милиса ва зӯроварӣ нисбат ба ӯ ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар нашрияи расмии худ аз рӯзи 13-уми апрел хабар додааст, ки Муродалӣ Қурбонов барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки «дар назди сокинон шаъну шарафи нозири минтақавии милитсия С. Худойдодовро паст зада, нисбаташ дашномҳои қабеҳ ва зӯроварӣ нишон дода, рутбаи куртаи низомии номбурдаро меканад.»
Моҷаро баъди он рух додааст, ҳамсоягони Муродалӣ Қурбонов аз сару садо ва фарёди зиёди ӯву ҳамроҳонаш дар хона ба мақомоти интизомӣ муроҷиат карда ва хоҳони ҳалли масъала шудаанд. Вазорат мегӯяд, ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони милиса ва пурсидан дар бораи моҷаро Муродалӣ Алимардонов «ҳаракатҳои авбошонаи худро идома дода, ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон медиҳад.
Бинобар ин додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони тоҷикро бо гуноҳи «нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад» ба 2 соли таҳаммул дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.
Маълум нест, ҳодиса кай сурат гирифтааст ва назари Муродалӣ Қурбоновро ҳам наовардаанд. Вале дар Тоҷикистон шикоят аз рафтори дурушту дағали худи кормандони милитсия ва ҳам бадрафтории онҳо бо боздоштшудагону муттаҳамон зиёд аст.