Дар сӯхтори Ваҳдат чанд хона ба коми оташ рафт
Сӯхтор дар як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, манзили чанд сокини биноро вайрон кард. Ҳодиса шаби 15 ба 16-уми апрел рӯй дод. Бар асоси навори корбарон, сӯхтор гуё дар пайи таркиши зарфи гази моеъ сар задааст. Худи сокинон аз эҳтимоли ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд.