Даъвати расмӣ аз президенти Ироқ барои сафар ба Тоҷикистон
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ иттилоъ дод, ки президенти ин кишвар Абдулатиф Ҷамол Рашид барои сафар ба Душанбе даъватнома гирифт. Даъватномаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, супурд.