Пас аз бародари зиндонияш Рамзӣ, Сино Вазирбеков низ "парвандадор" шуд
Мақомоти Бадахшон зидди Сино Вазирбеков парвандаи ҷиноӣ кушода, ӯро барои ширкаташ дар як гирдиҳамоии мухолифон дар Берлин ба ифротгароӣ айбдор мекунанд. Сино Вазирбеков бародари фаъоли маданӣ Рамзӣ Вазирбеков аст, ки ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст.