Ҳушдори ҳавошиносон аз хокбориш дар саросари Тоҷикистон
Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 19 то 22 апрел саросари кишварро чангу ғубор фаро мегирад.
Аз охири ҳафтаи гузашта низ ҳавои Тоҷикистон ва бахусус шаҳри Душанбе пур аз гарду ғубор буд.
Ба гуфтаи табибон, чунин ҳаво барои гирифторони бемориҳои роҳҳои нафас душворӣ эҷод мекунад.
Мутахассисон гуфтанд, боди хушк аз шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон расида, сабаби хокбориш шудааст.
Оҷонсӣ ба сокинон тавсия додааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва анҷом додани корҳои саҳроӣ худдорӣ кунанд.