Президенти Туркманистон беш аз 450 маҳбусро афв кард
Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бахшида ба "Шаби қадр" дар моҳи Рамазон ҳудуди 500 маҳбусро афв кардааст.
Фармони Бердимуҳаммадов дар ин бора дар ҷаласаи ахири Девони вазирони Туркманистон ба имзо расидааст.
Тибқи фармон, 463 шаҳрванди Туркманистон "аз адои муҳлати ҷазои худ дар зиндон" озод хоҳанд шуд.
Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дастур додааст, ки барои баргаштани афвшудаҳо ба назди хонаводаҳои худ дар кутоҳтарин муддат чораандешӣ кунанд.
Раҳбарони шаҳру вилоятҳои он кишвар низ вазифадор шудаанд, ки маҳбусони озодшударо бо ҷои кор таъмин намоянд.
Президенти Туркманистон ҳар сол бахшида ба "Шаби қадр" маҳбусонро афв мекунад. Соли гузашта 514 маҳбуси туркман озод шуда буд.