Таҳқиқот: "Танфурӯшони мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон таъқиб мешаванд"
Як созмони байнулмилалӣ гуфтааст, занони фоҳишаи гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон таъқиб мешаванд. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар сеюним сол (2018-2021) 175 нафарро, ки аксаран занон ҳастанд, барои гузарондани вируси норасоии масунияти бадан ба сокинон ҷазо додаанд.