Роҳе, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, вайрон шудааст
Роҳи байналмилалии Душанбе-Бадахшон, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, хароб шудааст.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, роҳ бар асари лағжидани кӯҳпора шаби 14 ба 15-уми апрел вайрон шуд.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҳодиса фавран як роҳи муваққатӣ барои рафтуои мошинҳои мусофирбару боркаш боз кардаанд, чун бозсозии роҳи асосӣ вақти бештар мегирад.
“Як қисмати ҳамон кӯҳ ё теппа ҷудо шудааст. Аз ҳисобе, ки зераш об дорад, лағжидааст. Ҳамон пора омада ба сади муҳофизатӣ задааст ва аз зери он об даромада, асфалтро боло бардоштааст”,--гуфт раиси ноҳия.
Дар идораи роҳсозии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, роҳ аз буҷаи Вазорати нақлиёт бозсозӣ хоҳад шуд.
Сохтмони роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Бадахшон аввали солҳои 2000-ум оғоз шуда буд ва ҳанӯз анҷом наёфтааст. Бештари қисматҳои роҳ аз доманакӯҳҳо ва канори рӯдхонаҳои хурду бузург мегузарад, ки ҳамеша дар баробари офатҳои табиӣ осебпазир ҳаст.
Моҳи июли соли 2017 дар пайи фаромадани ярч аз сӯи Афғонистон ва баланд шудани оби дарёи Панҷ ин роҳ дар деҳаи Ширговади Дарвоз чанд рӯз баста шуд.
Ин роҳ, ки онро шоҳроҳи байналмилалии Душанбе -Кулма низ меноманд, Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад ва молу маҳсулот аз ин кишвар тариқи ин роҳ интиқол меёбад.