Узбекистон ба Афғонистон 185 тона ёрии башардӯстона фиристод
Аз Узбекистон ба Афғонистон 185 тона маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, гандум, равғани растанӣ, консерва, шакар ва дигар навъи маҳсулоти ғизоӣ ирсол шуд.
Ин кӯмак рӯзи 19-уми апрел аз Тирмизи Узбекистон ба Ҳайратони Афғонистон ирсол шудааст.
Дар маросими ирсол ва қабули кӯмаки башардӯстона намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев, муовини аввали ҳокими вилояти Сурхандарёи Узбекистон Анвар Орипов ва вазири иқтисоди ҳукумати муваққати Афғонистон Динмуҳаммад Ҳаниф иштирок доштанд.