СММ аз ҳукумат хост, ҳуқуқи динии мардумро эҳтиром кунад
Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод аз Тоҷикистон даъват кард, ки қонунҳо, сиёсатҳо, ва амалияҳои худро дар барои дин ё эътиқод мутобиқ ва бознигарӣ намояд. Нозила Қонеъ дар ин бора имруз 20-уми апрел дар як нишасти хабарӣ изҳори назар кард.