Сокини Душанберо барои кандани рутбаи корманди милиса зиндонӣ карданд
Як сокини Душанбе барои "таҳқир ва кандани рутбаи корманди милиса" ду сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Муродалӣ Қурбонов, сокини 31-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба он муттаҳам шудааст, ки ба даъвати корманди милиса "барои риоя кардани хомушӣ дар манзили иҷорааш ва халал нарасонидани ба ҳамсояҳо" гӯш накардааст.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як хабарнома гуфтааст, ки ин нафар "дар назди сокинон шаъну шарафи нозири минтақавии милитсия С. Худойдодовро паст зада, нисбаташ дашномҳои қабеҳ ва қувваи зӯроварӣ нишон дода, рутбаи куртаи низомии номбурдаро меканад."
Назари адвокат ва пайвандони маҳкумшуда ба ҳукм дастрас нест.
Борҳо ба Радиои Озодӣ шикоят расида буд, ки мақомот дар баҳси сокинон бо кормандони милиса тасмими ноодилона мегиранд.
Бархе сокинон бар ин назаранд, ки дағалии кормандони милиса ва нозирони роҳ дар чунин баҳсҳоро аксаран мақомот баррасӣ намекунанд, вале одитарин иштибоҳи сокинон дар нисбат ба кормандони милисаро ҷиддӣ тафтиш мекунанд.