Аз Иттиҳоди Аврупо даъват карданд, ки гулӯгоҳи Тайванро посбонӣ кунад
Ҷозеп Борел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, аз нерӯҳои дарёии кишварҳои узви ин иттиҳодия даъват кард, ки ба посбонӣ дар гулӯгоҳи Тайван шурӯъ кунанд.
Ӯ гуфтааст, ки Тайван аз нигоҳи додугирифти иқтисодӣ ва тиҷорӣ барои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳим аст, аз ин рӯ, бояд марзҳои обии он ба таври муштарак ҳифз шаванд.
Ду ҳафта пеш Чин дар наздикии марзҳои Тайван машқи низомии серӯза анҷом дод. Ин машқҳо пас аз бозгашти Тсай Инвен, президенти Тайван, аз сафари корӣ аз ИМА буд.
Ӯ дар ин сафар бо Кевин Маккарти, раиси маҷлиси намояндагони ИМА, мулоқот карда буд.
Рӯзи сешанбе дар ҷалассае дар порлумони Аврупо Ҷозеп Борел гуфт, ки аз нигоҳи геополитикӣ ва сулҳу субот дар минтақа Тайван барои Иттиҳоди Аврупо кишвари муҳим маҳсуб меёбад.
Чин солҳо боз Тайванро ҳудуди худ медонад, вале мақомот Тайван мегӯянд, онҳо кишвари мустақиланд.
ИМА борҳо ҳушдор дода буд, ки агар Чин талоши ғасби Тайванро кунад, ба Тайван кумаки низомӣ хоҳад кард.