Мақомоти қирғиз мусодираи 84 кг тилоро шарҳ доданд
Мақомоти Қирғизистон боздошти 84 кг тилоро дар марз бо Қазоқистон шарҳ доданд.
Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, ҳангоми воридоти тило кормандони ширкати "Олтин кен" боздошт шуданд.
"Мо ба хулоса расидем, ки онҳо талош надоштанд ҳаҷми тилоро пинҳон доранд, балки аз пардохти андоз саркашӣ мекарданд. Ҳангоми воридоти тило мақомоти андоз бояд онро сабт кунанд ва андози ин миқдор тило 60 млн сомро ташкил медиҳад. Ширкат талош дошт, ки аз пардохти андоз саркашӣ кунад ва ба ҳамин далел мақомот монеи воридоти тило шуданд", - гуфт Султонбоев дар суҳбат бо расонаҳои Қирғизистон.
Султонбоев афзуд, бештар аз 100 ширкате, ки дар конҳои тилои Қирғизистон кор мекунанд, хокаи онро ба Чин ё Қазоқистон мебаранд ва баъди коркард тилоро ба Қирғизистон бармегардонанд.
"Ба хотири он чунин корро мекунанд, ки дар Қирғизистон корхонаи ҷудосозӣ ё сарасозии тило аз дигар металҳо мавҷуд нест. Роҳбари давлат бо имзои фармоне аз 1 майи соли 2023 содироти хокаи тилоро ба хориҷ манъ кард. Бино ба фармони мазкур, танҳо тилои холис бояд ба хориҷ содир шавад. Мутассифона, мо ба ин омода нашудем ва муҳлати иҷрои фармони мазкур то 31 декабр тамдид шуд", - гуфт Султонбоев.
Пештар аз ин мақомоти амниятии Қирғизистон хабар дода буданд, ки рӯзи 17 апрел дар марз бо Қазоқистон мошине бо 84 кг тило боздошт шуд. Мақомоти амниятии Қирғизистон он замон гуфа буданд, тилоро бидуни санадҳои зарурӣ мехостанд, вориди яке аз ширкатҳои истихроҷкунандаи тило созанд.