Чаро сафири Чин истиқлоли Тоҷикистонро зери суол гузошт?
Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз ба суханҳои моҷаробарангези дипломати Чин дар Фаронса вокунише накардаанд, вале аз дидгоҳи сиёсатмадори тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, изҳориназарҳои дипломати чинӣ дар бораи мақоми ҳуқуқии байналмилалии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ “баёнгари бесалоҳиятии ӯст”.