Ҳама гуфт, президент ҳам, вале чаро суръати интернет беҳ нашуд? ВИДЕО
Аз танқиди президенти Тоҷикистон дар мавриди суръати сусти интернет тақрибан чаҳор моҳ гузашт, аммо ба гуфтаи баъзе аз мутахассисону вакилони порлумон "вазъ тағйир накард". Шикояти мардуму корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кам нашуд.