Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2023

Додгоҳе дар Бишкек қарори барҳам додани Радиои Озодиро содир кард

0

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 27- уми апрел бо дархости вазорати фарҳанги он кишвар фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро барҳам дод.

Намояндагони "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасмим доранд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Тимур Султонов, вакили мудофеи "Азаттик Медиа" гуфт, қарори додгоҳ ба ин суол посух дод, ки то куҷо озодии сухан дар Қирғизистон риоя мешавад. "Ҳангоми баҳс мо аз қонунгузорӣ ва Конститутсия далел овардем. Мутаассифона, додгоҳ моро нашунид. Ҳангоми баҳси тарафҳо дар додгоҳ ман гуфтам, қарори додгоҳ бояд нишон диҳад, ки шаҳрвандон ҳаққи гирифтан ва паҳн кардани иттилои ростинро доранд ё ин ҳақ танҳо шартан дар Конститутсия навишта шудааст. Қарори имрӯзӣ ба ин суолҳо посух дод", - гуфт Султонов.

Дирӯз, 26-уми апрел, дар додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек ҳангоми баррасии дархости Вазорати фарҳанги Қирғизистон барои қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳамчун воситаи ахбори ом суханони забоншинос шунида шуд.

Забоншинос Жийде Семёнова бо дархости додгоҳ санҷидааст, ки дар гузориши телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишонаҳои ангехтани бадбинии миллӣ ва таблиғи ҷанг вуҷуд дорад, ё не.

Семёнова дар додгоҳ гуфт, "дар гузориш нишонаҳои забонии дорои хусусияти манфӣ нисбат ба Қирғизистон вуҷуд доранд". Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ошкор кардани ангехтани адовати миллӣ ва ё таблиғи ҷанг дар гузориш дар салоҳияти забоншинос нест ва ба он бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

"Гузориш хусусияти иттилоотӣ дорад ва муаллиф бо ҳар ду ҷониб суҳбат кардааст. Бинобар ин, забоншинос наметавонад дар он таблиғотро муайян кунад", - афзудааст Семёнова.

Барномаеро, ки сабаби баҳси додгоҳӣ шудааст, инҷо бинед:

Вакилони дифои Радиои Озодӣ баъди шунидани суханҳои забоншинос дархост карда буданд, ки барои хаттӣ асоснок кардани мавқеи худ зидди мавқеи вазорат ба онҳо муҳлат дода шавад. Намояндагони вазорат дар навбати худ дархост карданд, қи талаби қатъи фаъолияти радио қонеъ карда шавад.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост карда буд, ки фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ зикр шудааст, ки "гузориши видеоӣ дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ амали мақомоти қирғизро фишор ба озодии сухан номиданд.





Губернаторы России
Москва

Столичный мэр реорганизовал управы в ТиНАО





Москва

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Не чувствую руку: Доктор Кутушов рассказал к чему приводит частое онемение конечностей




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Строительные леса обрушились у здания спортшколы на Новочеремушкинской улице

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


WTA

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Детский городок в Одинцове оснастили видеонаблюдением



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России