"На Тошканд монду на Ҳиндустон, ба хотири ишқу фарзандон пораи ҷигарамро додам"
Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.