"Ин вазифаи тоҷирон аст." Сабти IMEI кори мардумро душвор кардааст. ВИДЕО
Нархи телефонҳои мобилӣ дар мағозаҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефони мобилиро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабаби инро ба сабти IMEI ва расмиёти гумрукӣ рабт доданд.