Тасдиқи барканории Ширин Амонзода баъди як сол
Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.