"Писарам бемории гузаранда дорад, ӯро аз артиш раҳо кунед!"
Як сокини ноҳияи Масчоҳ иддао дорад, ки писари беморашро мақомот ба хизмати ҳарбӣ фиристодаанд. Ба гуфтаи Равшан Сафаров, бемории писараш Даврон Сафарзода нафақат ба худаш балки ба саломатии дигарон ҳам хатар дорад ва барои баргардонданаш аз масъулон тақозо дорад.