Созмони тоҷикони "Умед": дар садамаи Нижний Новгороди Русия се тоҷикистониву шаш узбекистонӣ маҷрӯҳ шуданд
Ҷамъияти тоҷикони Нижний Новгород иттилои расонаҳои русӣ дар бораи осебдидаҳои садамаи мудҳиши шоми 12 январро санҷида онро носаҳҳеҳ номид. Ин созмон мегӯяд, дар ин ҳодиса на танҳо шаҳрванди Тоҷикистон, балки Узбекистон ва худи Русия ҳам осеб дидаанд.