Муҳоҷирони тоҷик дар Химпек коршиканӣ кардаанд
Ҳудуди сад муҳоҷири тоҷик дар корхонаи кимиёии “Химпэк” дар шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон бо эътироз ба зидди кордиҳанда корпартоӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, раҳбарони корхона ваъда дода буданд, ки маошашонро боло мебаранд, вале ба ваъдаашон вафо накарданд.