"Маданӣ" ба ҷои "гражданӣ" дар Тоҷикистон. Навбати Суду Прокуратура?
Вакилони порлумони Тоҷикистон калимаи "гражданӣ"-ро, ки решааш аз забони русӣ омадааст, аз номи Кодекси мурофиавӣ низ бардоштанд. Ба ҷояш вожаи "маданӣ" гузоштанд. Маҷлиси Миллӣ онро рӯзи 9-уми январ пазируфтааст. Аз он пеш, дар соли 2022, номи Кодекси гражданӣ ба Кодекси маданӣ иваз шуда буд.