Додгоҳи СММ, парвандаи Исроилро баррасӣ мекунад
Дар назар аст, ҳафтаи равон, Додгоҳи байнулмилалии СММ дар Лоҳа ё Гаага қарори пешакии худро дар мавриди шикояти Африқои ҷанубӣ алайҳи Исроил эълон кунад. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Исроилро ба нақзи Эъломияи оид ба пешгирӣ ва муҷозот барои наслкушӣ муттаҳам кардааст.