"Ба Боғи Ғалаба мебаранд." Роҳи дутабақа ба ҷойи "Танк" дар Душанбе. ВИДЕО
Дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории "Майдони Ғалаба" ё ба гуфтаи душанбегиҳо, "Танка" аз нишебии маъруф ба "Текстил" ба "Боғи Ғалаба" дар канораи шарқии пойтахт, оғоз ёфтааст. Бино бар қарори ҳукумати шаҳр, дар ҷойи он эстакада ё роҳи дутабақа сохта мешавад.