Ҷоми Осиё: Ҳамаи ҷуфтҳои 1/8 финал муайян шуданд
Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар, ки бо иштироки 24 тими миллӣ дар шаш гурӯҳ баргузор шуд, шаби панҷшанбеи 25-уми январ ба поён расид ва ҳамаи ҷуфтҳои 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 муайян гардиданд.