Гуруснанишинии фаъоли зиндонӣ дар Қазоқистон
Роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев бо нишони эътироз аз бетағйир мондани ҳукмаш дар зиндон гуруснашинии бемуҳлат эълом кардааст. Дар ин бора Меирҷон Доскараев, вакили мудофеи Жиланбоев, рӯзи 24-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.