Трамп гуфт, масъалаи калидӣ дар СММ баҳс бо Эрон хоҳад буд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ҳангоми суханронияш дар Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид масъалаи калидӣ баҳс бо Эрон хоҳад буд.
Трамп рӯзи 24-уми сентябр аз минбари Созмони Милал суханронӣ мекунад. Вай ҳадаф дорад, барои фишори сахттар болои Теҳрон дастгирии бештар касб кунад. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора шаби 23-юми сентябр ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Доналд Трамп аз замони расидан ба қудрат дар муқобили Теҳрон сиёсати сахтгиронаро пеш мебарад. Дар моҳи майи соли 2018 президенти Амрико кишварашро аз созиши ҳастаии шаш кишвари абарқудрати олам бо Теҳрон берун кард ва зидди Ҷумҳурии Исломӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард.
Фаронса, Олмон ва Бритониё, ки дар ин созиш имзо гузоштаанд, кӯшиш доранд, онро ҳифз кунанд. Дар айни замон онҳо ба Теҳрон ҳушдор додаанд ки аз иғвоҳо худдорӣ кунад.
Ахиран дар минтақаи Халиҷи Форс чанд киштӣ боздошт шуда, муассисаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтанд. Аксари дастандаркорони кишварҳои ғарбӣ ба ин назаранд, ки ин амал кори Эрон аст.
Эрон даст доштан дар ин амалҳоро рад кардаст.