Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 17.05.2020

Вакили дифоъ аз ВКД хост, Ғурбатиро зери ҳимояи давлатӣ гирад

Ozodi.org 

Вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), хабарнигори "Азия-Плюс", аз мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостааст, ки ӯро зери ҳимояти давлатӣ гиранд. Ғурбатӣ шоми 11-уми май ҳангоми рафтан ба хона дар наздикии бозори “Корвон”-и Душанбе аз сӯи ду нафари ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай бовар дорад, ҳамла ба кори хабарнигориаш рабт дорад. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, пештар ҳам чанд нафари ношинос телефонӣ Абдуллоҳ Ғурбатиро... Читать дальше...

Ҳалокати 2 нафар дар сели харобиовар дар Хуросон

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон ду нафар ҷон бохтаанд. Сел шоми 14-уми май чандин хонаро низ вайрон кард. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 17-уми май гуфт, дар ин ҳодиса Холбой Бекмуродови 55-сола аз ҷамоати Ҳилолӣ ва Қумриддин Камолови 64-сола аз ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои вазорат, "дар ҷамоатҳои Ҳилолӣ ва Айнии ноҳияи Хуросон ба беш аз 100 хона лойқа даромада, якчанд хонаи истиқоматии дигар пурра осеб дидааст". Читать дальше...



Мақомот: Теъдоди гирифторони COVID-19 ба 1524 расид, 39 кас ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон беш аз 200 нафар ба бемории СОVID-19 мубтало шуда, се каси дигар ҷон бохтаанд. Теъдоди умумии гирифторон ба коронавируси нав то шоми 17-уми май ба 1524 ва шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ ба 39 нафар расид   Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар... Читать дальше...

Дар Туркманистон беш аз 1400 нафарро афв кардаанд

Ozodi.org 

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, беш аз 1400 зиндониро афв кардааст. Расонаҳои давлатии Туркманистон гуфтанд, беш аз дусад маҳбуси афвшуда хориҷӣ ҳастанд. Раҳоии зиндониён аз рӯзи сешанбеи оянда оғоз хоҳад шуд. Аммо мақомоти Туркманистон нагуфтаанд, ки рӯйхати маҳбусони шомили афв ба чӣ асос тартиб шуда, онҳо бо чӣ гуноҳҳо зиндонӣ ҳастанд.

Танқиди Обама аз тарзи бархӯрди мақомҳои Амрико бо COVID-19

Ozodi.org 

Барак Обама, президенти пешини Амрико, аз чигунагии иқдомҳо барои бархӯрд бо коронавируси нав дар ин кишвар интиқод кард. Вай гуфт, бархе аз мақомҳо ҳатто худро масъул намедонанд. Обама ҳангоми суханронии онлайн рӯзи 16-уми май гуфт, коронавирус "аз ин роз парда бардошт, ки ин мақомҳо ба чӣ мубтало ме‌бошанд". Агарчи аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва мақомҳои дигар ном нагирифт, суханони ӯ ба ҳукумати феълӣ рабт дошт. То 17-уми май дар Амрико беш аз 1 миллиону 460 ҳазор нафар ба коронавируси нав мубтало шуда... Читать дальше...



Тавофуқи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Яке президент, дигаре раиси Шӯрои олии сулҳ шуд

Ozodi.org 

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон, тавофуқномаи сиёсиеро имзо карданд. Бар асоси он, доктор Абдуллоҳ раёсати Шӯрои олии сулҳро ба уҳда мегирад. Дар ин бора рӯзи 17-уми май Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар "Твиттер" хабар дод.  Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки қаблан бар пояи қарордоде бо миёнҷигарии Амрико дар давлати Ғанӣ раиси иҷроияи ҳукумат буд, аз қабули натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи сентябри соли гузашта сарпечӣ кард. Читать дальше...

Сокинони Хуросон ба нишони эътироз роҳро бастаанд. Онҳо кумак мехоҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ҳафтаи гузашта бар асари омадани сел хонаву дари худро аз даст доданд ва ё зарар диданд, рӯзи 17-уми май роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.

Тазоҳурот дар Олмон. Мардум мегӯянд, чораҳои пешгирӣ бекор карда шавад

Ozodi.org 

Садҳо нафар дар Олмон рӯзи 16-уми май ба зидди маҳдудиятҳои ҷоришуда барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав эътироз карданд. Шумори қурбониёни COVID-19 дар Олмон дар муқоиса бо бисёре аз ҳамсояҳояш камтар аст. Мақомоти ин кишвар аллакай бархе аз маҳдудиятҳоро бардоштаанд. Сокинон талаб доранд, ки ҳамаи чораҳои пешгирӣ бекор карда шавад. Дар тазоҳурот дар Берлин садҳо нафар иштирок карданд. Тақрибан ҳазор афсари пулис ҷараёни тазоҳуротро назорат доштанд, то чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя шавад. Читать дальше...

Чӣ хел ман аз коронавирус намурдам. Нақли хабарнигори Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Дар охири моҳи апрел, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ Любов Чижова бистарӣ шуд. Табларза ва дигар нишонаҳои COVID-19-ро дошт. Ба воҳима афтод ва хатари маргро эҳсос кард. Аммо мубориза бурд ва шифо ёфт. Ӯ хотираҳояшро ин ҷо ҳикоят мекунад.

Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи пешини нирӯҳои марзбонӣ даргузашт

Ozodi.org 

Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи пешини нирӯҳои марзбонӣ ва муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон, дар 70-солагӣ даргузашт ва ӯро 17-уми май дар Кӯлоб дафн карданд. Носир Азимов, бародарзодаи ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳмон Азимов солҳои ахир аз бемории дилу қанд ранҷ мекашид ва дар хонааш шаҳри Кӯлоб қарор дошт. Ҳамкоронаш нақши фармондеҳи пешини нирӯҳои марзбониро барои оғози берун шудани сарҳадбонони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон муҳим медонанд.  Генерал Нуралишо Назаров дар замони... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Shaman

Shaman встретился с подростком, который заработал на его концерт мытьем машин




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Даниил Медведев

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

Camila Giorgi ‘flees Italy with family’ as tennis star-turned-lingerie model breaks silence on retirement mystery



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России