Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 25.05.2020

16 талаби Зоиров пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, хостори ислоҳи қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон ва ҳуқуқи бештар ба муҳоҷирон шуд. Ӯ рӯзи 25-уми май дар ин замина ба раиси ҷумҳурӣ ва порлумон 16 пешниҳоди худро ироа кард. Баъзе аз пешниҳодҳо ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосиро дар назар дорад. Интизор меравад, интихоботи навбатии президентӣ моҳи ноябри имсол баргузор шавад. Пешниҳоди аввали Зоиров ин аст, ки то замони эъломи интихоботи президентӣ феҳраст ё рӯйхатти ягонаи интихобкунандаҳоро тартиб диҳанд. Читать дальше...

Табибон гуфтанд, шифохонаҳо холӣ мешавад. Беморӣ кам шуд ё хонадармонӣ афзуд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, ки то як ҳафтаи пеш аз пур будани шифохонаҳо ва афзоиши гирифторони COVID-19 шикоят мешуд, пизишкон якбора аз кам шудани сафи маризон ва холӣ шудани баъзе аз катҳои беморӣ хабар доданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар рӯзҳои ахир муроҷиати беморон кам шудааст.

Зебо Тоҷибоева: Чӣ гуна ман аз коронавирус наҷот ёфтам

Ozodi.org 

Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигор ва муассиси сомонаи your.tj мегӯяд, тақрибан як моҳ аз коронавируси нав муолиҷа гирифт. Ба нақли ӯ, беморӣ аввал аз ҳамсоя ба модараш сироят кард ва баъдан ба ӯву аъзои дигари оила гузашт.



Пешниҳодҳои се тарҳи ҷамъиятӣ дар бораи COVID-19 ба ҳукумат

Ozodi.org 

Се тарҳи ҷамъиятӣ мақомоти Тоҷикистонро барои пинҳон доштани омори воқеии гирифторон ва ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 танқид кардаанд. Изҳороти ихтиёриёни тарҳи kvtj.info, тарҳи расонаии МедиаМаркер ва ҳайати Ибтикори ҷамъиятии “COVID-19: Тоҷикистон” рӯзи 25-уми май дар Фейсбук нашр шуд. Дар он ҳамчунин аз мақомот тақозо шудааст, ки карантини “нарм” ҷорӣ карда, хидматрасонии пулакӣ дар соҳаи тибро бекор ва маоши кормандони тибу ниҳодҳои ҳолати фавқулодаро се баробар зиёд кунанд. Ҷубронпулӣ... Читать дальше...

Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3 ҳазор гузашт

Ozodi.org 

Шумори гирифторони бемори COVID-19 дар Тоҷикистон расман аз 3 ҳазор нафар гузашт. Мақомот гуфтанд, аз ин беморӣ то ин дам 46 вафот карда, 1395 кас ҳам шифо ёфтанд. Аммо бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" тақрибан 300 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд. Мақомот дар ду рӯзи ахир аз коҳиши гирифторӣ ба коронавируси нав хабар медиҳанд. Дар як ҳафтаи... Читать дальше...

Ашраф Ғанӣ ҷараёни озодкунии “то 2 ҳазор узви Толибон”-ро шурӯъ кард

Ozodi.org 

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъди истиқбол аз се рӯзи оташбас ба муносибати Иди Фитр гуфт, ки рӯзи 24 май озодкунии то 2 ҳазор Толибони зиндониро шурӯъ мекунад. Дар паёми идонааш ба мардум Ғанӣ гуфт, ки “ба унвони як ҳукумати бомасъулият мо як қадам ба пеш мегузорем ва ман эълон мекунам, ки ҷараёни озодсозии Толибони зиндониро суръат мебахшам”. Ғанӣ инчунин аз Толибон хост, ки онҳо ҳам озод кардани аъзои нирӯҳои амниятиро вусъат бахшанд. Каме баъдтар сухангӯи президент Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт... Читать дальше...

Тоҷире, ки барои наҷоташ аз Маскав ба Хуҷанд ҳавопаймои кироя фиристоданд, даргузашт

Ozodi.org 

Исломҷон Рустамов, молики яке аз ширкатҳои азими фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, дар бемористони "Склифосовский"-и шаҳри Маскав аз COVID-19 даргузаштааст. Додохон Рустамов, писари Исломҷон Рустамов, рӯзи 25-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ кард.  Исломҷон Рустамов, муассис ва роҳбари ширкати “Газойл”, ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, аввал дар хона ва сипас дар шифохонае дар Хуҷанд муолиҷа мешуд. Бино ба маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ, пас аз бад шудани вазъи саломатии... Читать дальше...



Омори қурбониёни COVID-19-ро чӣ гуна ҳисоб мекунанд?

Ozodi.org 

Омори баландтарини гирифторӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон дар Амрикову Русия сабт шудааст. Рӯзи 25-уми май шумори беморони COVID-19 дар Иёлоти Муттаҳида ба беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар расид ва дар Русия ин рақам ба зиёда аз 340 ҳазор кас баробар аст.

Узбекистон: тарҳи насби ҳисобкунакҳои газро ба ширкатҳои шаҳрдори Тошканд доданд

Ozodi.org 

Сар аз моҳи июли соли ҷорӣ дар Узбекистон дар манзилҳое, ки газ насб шудааст, ҳисобкунакҳои нави "ҳушманд" насб мекунанд. То соли 2022 дар Узбекистон нақша доранд, ки ба бештар аз 3,5 миллион манзил ҳисобкунаки "ҳушманд"-и газ насб кунанд. Ҳадаф аз ин тарҳ, ба гуфтаи мансабдорон, хотима бахшидан ба норасоии газ аст, ки солҳост, сокинони он кишвар ранҷ мекашанд. Вазорати энержии Узбекистон мегӯяд, ҳисобкунакҳои "ҳушманд" мушкили дуздии газро дар кишвар ҳал мекунанд. Ширкати "Ҳудудтаъминот" пешниҳод дорад... Читать дальше...

Марди 80-солаи узбекистонӣ бо гумони парвариши бангдона боздошт шуд

Ozodi.org 

Ба иттилои раёсати корҳои дохилии вилояти Бухорои Узбекистон, нисбати марди 80-сола бо гумони парвариш ва фурӯши қиёми кӯкнор ва дигар гиёҳҳои мамнуъ парванда боз шудааст. Дар натиҷаи кофтукови манзили шаҳрванд Р.Р. мушаххас шуд, ки вай дар майдони бештар аз 300 метри мураббаъ кӯкнор ва ҳашиш коридааст. Ҳангоми бозпурсӣ марди солхӯрда эътироф кард, ки тасмим дошт, то 19 килограм ҳосил ғундошта, ба фурӯш барорад. Пештар аз ин дар ноҳияи Ҷамбайи вилояти Самарқанди он кишвар низ марди 96-сола бо айни ҳамин айбҳо ҳабс шуда буд. Читать дальше...

Қирғизистон марзбони захмишуда дар низоъ бо Тоҷикистонро ба Маскав мефиристад

Ozodi.org 

Қирғизистон мехоҳад, марзбони худро, ки рӯзи 8-уми май дар натиҷаи як низои марзӣ бо Тоҷикистон захмӣ шуда буд, барои табобат ба шаҳри Маскав фиристад. "Ин масъала зери назорат қарор дошта, бо модари сарбоз вохӯрӣ анҷом шудааст ва ду гузинаи ҷарроҳии марзбон дар ҳоли баррасӣ аст. Табибон метавонанд, ӯро дар ватан ҷарроҳӣ кунанд, вале модари сарбоз талаб дорад, ки писарашро барои ҷарроҳӣ ба Маскав фиристанд. Марзҳо дар пайи хуруҷи коронавирус баста шудаанд ва ҳоло масъалаи интиқоли сарбоз ба Русия баррасӣ мешавад"... Читать дальше...

Дар паи саркӯби эътирозгарони Ҳонгконг ИМА бо таҳрим таҳдид кард

Ozodi.org 

Мушовири аршади амниятии президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 24 май Пекинро ҳушдор дод, ки дар сурати “амалан ғасб шудани Ҳонгконг” дар ин минтақаи дорои мақоми вижаи чинӣ, эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳрим вуҷуд дорад. Ахиран полиси Ҳонгконг барои пароканда кардани ҳазорҳо эътирозгар аз гази ашковар ва лӯлаҳои об истифода кард.  Ин мардум ба нишони норизоият аз нақшаи Чин барои ҷорӣ кардани қонуни амнияти миллӣ дар шаҳр даст ба эътироз заданд.   Каме баъдтар полис дар Фейсбук навишт, ки 180 эътирозгарро... Читать дальше...

Нахустин киштии нафткаши эронӣ, бидуни дахолати ИМА, ба Венесуэла расид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми май нахустин киштии эронии ҳомили нафт ба бандари Венесуэла наздик шуд. Ин киштӣ дар ҳоле ба Венесуэла мерасад, ки танишҳо байни ИМА ва Эрон шиддат гирифтааст. Киштии дувум аз панҷгонаи киштиҳои эронии дар роҳ ба сӯи Венесуэла рӯзи 23-уми май вориди баҳри Кариб шуд. Се киштии дигар уқёнуси Атлантикаро убур мекунанд. Ин панҷ киштӣ аз сӯи неруҳои ИМА монеае надиданд. Ҳарчанд пештар Вашингтон гуфта буд, ки посух додан ба Эронро дар робита ба интиқоли нафт ба Венесуэла, баррасӣ мекунад. Читать дальше...

Дарҳои кушодаи Русия -- таҳдид барои Тоҷикистон?

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон бо орзуи зиндагии беҳтар аз ҳама беш шаҳрвандии Русияро ба даст меоваранд. Коршиносон мегӯянд, ин раванд бори ҷамъиятиро аз Тоҷикистон бармедорад, вале дар баробари ин беҳтарин кадрҳои кишварро мегирад.

ВАО: Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" сабаби марги 41 нафар аз коронавирус гашт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” боиси марги камаш 41 нафар аз коронавирус дар Бритониё гардид, хабар медиҳад The ​​Sunday Times


Музыкальные новости
Тимати

ЮрКисс ответил на слухи о попадании Тимати в черный список из-за отказа петь с ним дуэтом





Rss.plus
Арцах

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий




Госдума утвердила С. Цивилева на должность министра энергетики России

13 мая в МОНИИАГ прошел день открытых дверей для студентов медицинского колледжа

Суд арестовал фигуранта дела о взятке экс-начальнику кадрового главка МО

"Спорт-Экспресс": тренер "Динамо" Личка останется в клубе в новом сезоне




Сӯхтор дар бозори Шаҳритус ба садҳо тоҷир зиён расондааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомот дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон гуфтанд, ки сабаби асосии сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро таҳқиқ доранд. Ҳодиса 24-уми май рух дод ва ба маълумоти ибтидоӣ ба 800 тоҷир зиён расондааст.  Саймуддин Лоиқов, як масъули ҳукумати Шаҳритус, 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба эҳтимоли зиёд расиши ноқилҳо сабаби сӯхтор шудааст. Бо ин ҳол, мунтазири натиҷаҳои тафтишот мемонем." Шоҳидон мегӯянд, ду мошини оташнишонии ноҳияи Шаҳритус натавонистанд, алангаи оташро хомӯш кунанд ва барои кумак... Читать дальше...

Аврупо ба сабуктар кардани тадбирҳо идома медиҳад

Ozodi.org 

Ҳукуматҳои аврупоӣ рӯзи 25 май тадриҷан маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро бекор мекунанд ва интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик сабукӣ бештар мешавад. Айни замон дар ИМА, ки шумори фавтидаҳо бар асари COVID-19 ба 100 ҳазор нафар ва олудашудаҳо ба 1,6 миллион нафар расидааст, дар рӯзҳои истироҳати ахир мардум ба сӯи соҳилҳои об шитофтанд. Тамоми 50 аёлат ба дараҷаҳои мухталиф маҳдудиятҳоро кам мекунанд. Вале саҳнаҳои пур аз мардум дар соҳилҳову тарабхонаҳои  Флорида ва кӯли Озарк дар Миссури нигаронӣ... Читать дальше...

13 тобут ва 237 муҳоҷири дигари тоҷикро аз Русия оварданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки 237 муҳоҷири дигарро аз Русия ба ватан оварданд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, шаби 25-уми май инчунин 13 тобути муҳоҷирони фавтида аз Русия оварда шудааст. Аз муҳоҷироне, ки шаби 25-уми май бо парвози махсуси ширкати Ютэйр ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд, 197 нафарашон муҳоҷироне будаанд, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ будаанд. Дар ингуна марказҳо асосан муҳоҷироне нигоҳдорӣ мешаванд, ки қарори додгоҳ барои ихроҷашон содир шудааст.  Аммо маълум нест... Читать дальше...

Шаббос Неъматуллоев: "Ба Олимпиада дар хона омодагӣ мегирам." САДО

Ozodi.org 

Шаббос Неъматуллоев, муштзани маъруф, ки ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтааст, дар айни ҳол ба иллати хуруҷи бемории коронавирус мисли дигар варзишгарони тоҷик тамринҳои худро дар муҳити хона анҷом медиҳад.

Баҳс бар сари коронавирус. Амрико рафтори Чинро ба ҳодисаи Чернобил ташбеҳ кард

Ozodi.org 

Ҳамлаҳои лафзии мақомҳои давлати Амрико алайҳи амалкарди Чин ба хотири пайдоиш ва паҳншавии коронавируси нав идома дорад. Ахиран мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, рафтори Чин дар қатори ҳамон амалкарди Шӯравӣ аст, ки ҳодисаи Чернобилро чанд муддат пинҳон карда буд.



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пол Маккартни

«Возомнил себя Полом Маккартни?»: Соседов назвал причину творческого провала Никиты Преснякова в США




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


WTA

Азаренко вышла в четвертьфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


VIP

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России