Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 26.05.2020

Ҳушдори СҶТ аз хатари "мавҷи дуюм" ва талаби худдорӣ аз доруҳои марговар

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) рӯзи 25 май ҳушдор дод, ки ба кишварҳои осебдида аз коронавирус бо вуҷуди камшавии мавридҳои гирифторӣ ба COVID-19 хатари “авҷгирии дубораи беморӣ” таҳдид мекунад. Биноан, мегӯяд ин ниҳоди байнулмилалӣ ҳукуматҳо набояд бо шитобзадагӣ аз чораҳои эҳтиётӣ даст кашанд.

Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи марзиро дар алоҳидагӣ таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Баъди низоъи рӯзи Иди Рамазон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони марзбонии ду кишвар гуфтугӯ ва таҳқиқи ҷудогонаи ҳодисаро шуруъ карданд. Дар ҳамин ҳол, ҳар ду кишвар фарзияи худро оид ба сар задани низоъ пешниҳод кардаанд. Дар низоъи рӯзи 24-уми май аз силоҳ истифода шуд. "Мулоқот 24-уми май баргузор шуд. Танҳо марзбонон гуфтугӯ карданд. Сабаби низоъ убури ҳайвонҳои хонагии Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон будааст. Марзбонони қирғиз рӯзи 23-юми май сокинони Тоҷикистонро огоҳ карданд... Читать дальше...

Аз роҳи сохтаи коргарони чинӣ, то шоистасолорӣ дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи як роҳи сохтаи чиниҳо дар Панҷакент, сӯҳбат мекунем, гурезогурези муҳоҷирони тоҷик дар бозори Фуд Ситии Маскавро мебинем ва ба як гӯшаи зебои Тоҷикистон меравем, ки шояд бисёриҳо надидаанд.



Роҳбари пешини бахши исфарагии ҲНИТ дар зиндон даргузашт

Ozodi.org 

Абдусаттор Бобоев, собиқ раиси бахши исфарагии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва узви раёсати ин ҳизб шаби 25-уми май дар зиндони рақами 3-и низомаш сангини Хуҷанд даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, сабаби марги ӯро сактаи қалб гуфтанд.

Шумораи қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 47 нафар расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи севвум аст, ки аз коҳиши гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар кишвар хабар медиҳад. Ин ниҳод дар гузориши тозааш шоми 26-уми май навишт, дар шабонарӯзи гузашта 166 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навро ба қайд гирифтааст. Дар ҳоле, ки то се рӯзи пеш ин рақам ҳамарӯза аз 200 нафар бештар буд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз рӯзи 30-юми апрел то имрӯз гирифтории 3266 нафар ба коронавирус дар кишвар собит шуда, 1417 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Мақомот гуфтанд... Читать дальше...

Дар Фархор ҳайкалчаи Буддоро ёфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Фархор ҳангоми кандани хандақ дар наздикии қалъаи “Золи Зар” ҳайкалчаи Буддоро пайдо карда, ба осорхонаи ноҳия супурдааст. Бостоншиносон мегӯянд, Ин нахустин пайкараи сангии Буддост, ки дар ин минтақа ёфт шудааст.

Дар Тоҷикистон гузарондани тӯю маъракаҳоро манъ карданд. Сабаб бемории COVID-19. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кумитаи дин ва танзими расму маросим дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур додааст, ки то беҳбуди вазъият барои баргузории маросимҳои арӯсӣ ба сокинон иҷозат надиҳад.



Муолиҷаи беморон ба воситаи телефони боварӣ

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҳанӯз охири моҳи март барои пешгирӣ ва назорати сирояти Ковид -19 телфони боварӣ фаъол карда шуд. Танҳо як моҳ баъд аз ин мақомоти тоҷик вуҷуди ин бемориро дар кишвар эътироф карданд.

Эътироз бар зидди даври шашуми раҳбарии президенти Беларус

Ozodi.org 

Дар Беларус моҳи август интихобти президентӣ баргузор мешавад. Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбарии ин кишварро бар ӯщда дорад, то ҳол нагуфтааст, ки барои ҳифзи курси президентӣ талош меварзад. Вале бо ин ҳам мухолифин талаб доранд , ӯ имкон бидиҳад, ки шахси нав сари қудрат ояд.

Сокинони Ишқобод пинҳонӣ ба хонаводаҳои зарардида кӯмак мерасонанд

Ozodi.org 

Сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хонаводаҳои вилояти Лебап, ки моҳе пеш аз шамоли сахт зиён диданд, пинҳонӣ кӯмак ирсол мекунанд. Аммо мақомот бо ҳар роҳе талош доранд, ки пеши роҳи ин кӯмакҳоро бигиранд. "Сокинони Ишқобод пинҳонӣ, бо риояи эҳтиёткорӣ, ба таври худҷӯш кӯмак ҷамъоварӣ карда, тариқи қатора ба сокинони офатзадаи Туркманобод ирсол мекунанд", - гуфт як сокини Ишқобод. Асосан ин кӯмакҳо аз либос, маводи ғизоӣ иборатанд. "Мардум нисбат ба ҳукумат хайрхоҳтар аст, ки ҳамдигарро дар рӯзи вазнин танҳо нагузоштанд"... Читать дальше...

Бо (бе) селофан. Шӯрои уламо ҳимоят кард, вале нигарониҳо монд

Ozodi.org 

Мақомот пайвандони онҳоеро, ки аз COVID-19 фавтидаанд, аз наздик омадан ба майит ё даст расондан ба он нигоҳ медоранд. Ин амал соҳибони мурдаро норозӣ мегузорад ва ҳамзамон масъалаи риояи суннатҳои дафнро пеш овардааст, аммо мақомот мегӯянд, пешгирӣ аз сироятҳои нав бояд ҳадафи асосӣ бошад.

Дар мазорҳои Қазоқистон шумори қабрҳои тоза аз омори аз COVID-19 фавтидагон бештар аст

Ozodi.org 

Мақомоти Алмато мегӯянд, 22 фавтида, ки дар мазори махсусе дафн шудаанд, қурбониёни COVID-19 ҳастанд. Аммо расонаҳои он кишвар навиштанд, ки дар он мазор шумори қабрҳои тоза ба маротиб бештар аст. Рӯзи 25-уми май теъдоди ин қабрҳо дар мазоре дар 50-километрии шаҳри Алмато ба 32 расида буд. Вале мақомоти Қазоқистон мегӯянд, на ҳамаи дафншудаҳо дар қабристони мавриди назар қурбониёни COVID-19 ҳастанд. Айжан Есмагамбетова, сарпизишки беҳдоштии Қазоқистон дар шарҳи кам будани маргу мири одамон... Читать дальше...

СҶТ озмоиши як навъ дору барои табобати COVID-19-ро манъ кард

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) муваққатан озмоиши ҳабҳои гидроксихлорохин ва хлорохинро, ҳамчун доруҳои табобаткунандаи гирифторони вируси корона, манъ кард. Дар ин бора роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус хабар дод. Вай гуфт, ин тасмим ба далели бехатарӣ рӯи даст гирифта шудааст. Чанде пеш маҷаллаи "Лансет" доир ба ин доруҳо пажуҳишеро нашр кард. Ба навиштаи маҷалла, доруҳои мазкур мумкин аст, хатари фавтро аз COVID-19 афзоиш диҳанд. Олимон баъди таҳлили вазъи даҳҳо ҳазор гирифтори вируси корона... Читать дальше...

Дар Бадахшон равуои шаҳрвандон байни ноҳияҳоро маҳдуд карданд

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон равуои шаҳрвандон аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғро маҳдуд кардаанд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба Радиои Озоди гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгири аз сирояти коронавирус гирифта шудааст.

Ҳукумати Афғонистон 900 маҳбуси Толибонро раҳо мекунад

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки оташбаси серӯзаи Толибон вориди рӯзи ахири худ мешавад, ҳукумати Афғонистон дар назар дорад, ки рӯзи 26-уми май беш аз 900 зиндонии ин гурӯҳро озод кунад. Ин оташбас аз рӯзи аввали Иди Фитр  - 24 май ба ҳолати иҷро даромад ва ба гуфтаи мақомот, дар бештари манотиқи ин кишвар риоя шуд. Ҳукумат дар посух ба эълони оташбаси серӯзаи Толибон посух дод, ки дар назар дорад 2000 ҷангҷӯи ин гурӯҳро аз маҳбас раҳо мекунад. "Тасмим аст, ки имрӯз 900 зиндонӣ озод шаванд",-гуфт сухангӯи Шӯрои... Читать дальше...

Мақомот гуфтанд, ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшударо аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳамаи шаҳрвандони кишварро аз марказҳои нигоҳдории муваққатии Русия ба ватан бармегардонанд. Ин гуруҳи муҳоҷирон асосан афроде ҳастанд, ки қарори додгоҳ барои ихроҷашон аз Русия содир шуда, аммо бо сабаби қатъи парвозҳо натавонистанд ба ватан бозгарданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25-уми май бо нашри як иттилоия гуфт, бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дармондаанд, бар асоси як нақша сурат мегирад. Ба иттилои Сафорат, дар навбати аввал шаҳрвандоне ба Тоҷикистон фиристода мешаванд... Читать дальше...

Оташбаси Толибон дар пасманзари омодагиҳои Кобул барои озод кардани ҷангҷӯён

Ozodi.org 

Оташбаси гуруҳи даҳшатафкани Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар пасманзари омодагиҳои Кобул барои озод кардани ҳудуди 2 ҳазор ҷангҷӯи гуруҳ аз зиндон рӯзи севум аст, ки ҳифз мешавад. Толибон бахшида ба Иди Рамазон дар Афғонистон аз 24-уми май оташбаси чаҳоррӯза эълом кардааст. Ҳукумати Афғонистон аз ин иқдоми гуруҳ истиқбол карда, дар бораи нақшаи раҳоии ҷангҷӯён хабар дод. Толибон ва ИМА моҳи феврал созишномаеро имзо карданд, ки ба қатъи даргириҳои чандинсола дар Афғонистон равона шудааст. Он... Читать дальше...


Музыкальные новости
Надежда Бабкина

Надежда Бабкина приедет в Ярославль





Rss.plus
Чемпионат

Чемпионат России по мотоболу прошел в Видном




Путин рассказал о новых правилах «Семейной ипотеки»

ВТБ расширяет внедрение новых технологий в транспорте Москвы

Предприятия технополиса «Москва» инвестировали в развитие производств около 50 млрд руб. в 2023 году

Андрей Воробьев: внедрение ИИ в систему управления является необходимостью




Бозори Ҳулбук: Фурӯшандаҳо аз савдои кам норозианду харидорон аз нархҳои баланд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷирони "Ҳулбук", бозори калонтарини минтақаи Кӯлоб мегӯянд, хуруҷи пандемияи коронавирус тиҷораташонро заъиф кардааст. Бозори мазкур ҳар рӯзи ҷумъаи фаъол аст ва сокинони навоҳии минтақаи Кулоб барои хариду фурӯш ба инҷо зиёд меоянд.

Тоқаев тағйирот ба қонуни интихобот ва ҳизбҳои сиёсиро имзо кард

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 25-уми май тағйирот ва иловаҳоро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот имзо кард. Тағйирот кам кардани шумори ҳатмии аъзоро барои сабти ҳизби сиёсӣ - аз 40 то 20 ҳазор - пешбинӣ мекунад. Ба ҷуз ин, дар рӯйхати интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ барои занон ва ҷавонон квота ҷорӣ мешавад. Бино ба тағйироти қабулшуда, ҳамакнун на камтар аз 30 дарсади номзадҳои ҳизбҳоро бояд ҷавонон ва занон ташкил диҳанд. Коршиносон ва фаъолони маданӣ ин тағйиротро зоҳирӣ унвон карданд. Читать дальше...

Қаҳрамонии футболи Олмон дубора шуруъ шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Олмон, ки ба далели пандемияи коронавирус мавқуф гузошта шуда буд, бо бозиҳои даври 27-ум азнав оғоз ёфт. Дар нахустин бозии даври 27-уми Бундеслига ду дастаи Берлин -  «Герта» ва «Унион» - бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии «Герта»  бо ҳисоби бузурги 4:0 хотима ёфт. Рӯзи шанбе «Боруссия»-и Дортмунд «Вольфсбург»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Боруссия»-и Менхенгладбах аз «Байер» бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. «Бавария»-и Мюнхен бар «Айнтрахт» бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Читать дальше...

Масири нави интиқоли бор миёни Туркия ва Қирғизистон

Ozodi.org 

Байни Туркия ва Қирғизистон масири нави рафту омади мошинҳои борбар ва қатора боз шуд. Ин масир аз ҳудуди Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия мегузарад ва Қазоқистонро канор мегузорад. Дар ин бора Талантбек Маткерим уулу, раиси Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон хабар дод. Вай афзуд, гуфтугӯҳои таъсиси ин масир бештар аз ду сол давом кардааст. "Барои амалисозии ин тарҳ вақт ва маблағи зиёде харҷ шудааст. Чанде пеш 40 контейнер аз ин масир расид ва расидани 60 контейнери дигар дар назар аст. Читать дальше...

Ҳукумати Қирғизистон ҳушдор дод, ки бе ниқоб ба кӯча баромадан ҷавобгарӣ дорад

Ozodi.org 

Қубодбек Боронов, муовини сарвазири Қирғизистон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, ки бидуни ниқоб ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёти умумӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Боронов афзуд, кормандони бехатарии марказҳои тиҷорӣ ва мағозаҳо масъулият доранд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро аз сӯи муштариҳо ва кормандони ин муассисаҳо назорат кунанд. "Сар аз 25-уми май бархе аз муассисаҳо дубора ба фаъолият пардохтанд, нақлиёт дар шаҳрҳо ба гардиш даромад. Кормандони мақомоти шаҳрҳо, роҳбарони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ вазифадоранд... Читать дальше...

Эътирози сокинони Рушон аз боздошти гумонбарон

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 25 май бо эътироз аз боздошти ду ҷавони деҳаи Барӯшони ин ноҳия даст ба тазоҳурот задаанд. Мақомоти вилоят аз додани маълумот дар ин бора худдорӣ карданд, вале як манбаи наздик ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи хабар гуфт, эътирозҳо ба қазияи сокини ин деҳа Шароф Қобилов рабт доранд, ки 22 май ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаааст. "Кормандони амният талош карданд ду узви гуруҳи Қобиловро дастгир кунанд... Читать дальше...



Москва

Трихолог, ведущий специалист многофункциональный клиники KindCare в Дубае Кристина Евдошенко: что такое андрогенная алопеция и как ее лечить


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московский городской транспорт на 100 процентов отечественный



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Надежда Бабкина

Надежда Бабкина приедет в Ярославль




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Академия Плющенко требует почти два миллиона со сбежавшей от них юной спортсменки

Медийный баскетбол, киберспорт и турнир ММА: Константин Пухов рассказал о мероприятиях Международного центра бокса (Наташа)

Поражения Шубенкова и Савлукова, осечка Кнороз и двойной триумф Макаренко: чем запомнился «Мемориал Знаменских»


WTA

Ига Свёнтек одержала 40 побед над теннисистками из топ-10 рейтинга WTA



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Владимир Потанин

Фонд «Восход» выпустил на «Атомайз» первые в России венчурные ЦФА



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России